Пайвандҳои дастрасӣ

Раъйгирии тарҳи наҷот дар Маҷлиси намояндагон


Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико баҳсҳо барои қабули тарҳи наҷоти низоми молии кишвар бо арзиши 700 миллиард доллар шурӯъ хоҳад шуд. Эҳтимол меравад, ки ин навбат тарҳи таҳрирдида аз ҷониби вакилон пазируфта хоҳад шуд. Рӯзи душанбе Маҷлиси намояндагон тарҳи пешинро қабул накард, вале баъди ворид кардани таҳриру тағйирот ба он, Сенат рӯзи чоршанбе бо қабули ин санад мувофиқат кард. Аъзои Сенат ба ин тарҳ инчунин тахсиси 100 миллард доллари изофагиро чун молиёти нав илова кард. Ненси Пелосӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Конгресс гуфт, ки мутмаин аст ин навбат вакилон тарҳро қабул хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG