Пайвандҳои дастрасӣ

Мунозираи рӯбарӯи С. Пейлин ва Ҷ. Байден


Сара Пейлин ва Ҷо Байден ҳини баҳс

Сара Пейлин ва Ҷо Байден ҳини баҳс

Баҳси байни Сара Пейлин ва Ҷо Байден, номзадҳо ба ноибии раисҷумҳури Амрико дар шаҳри Сант-Луиси иёлати Миссурӣ доир шуд.

Сара Пейлин, номзад ба мақоми муовини президентии Амрико аз ҳизби ҷумҳурихоҳ, мебоист дар давоми якуним соати баргузории музоҳираи телевизионӣ бо рақибаш аз ҳизби демократ Ҷозеф Байден пеш аз ҳама ба аъзои ҳизбаш собит кунад, ки вай арзандаи ин мақом аст.

Дар ниҳояти амр, ҳамин тавр ҳам шуд. Ду номзад ба мақоми муовини раиси ҷумҳурӣ дар донишгоҳи Вашингтони шаҳри Сан-Луиси аёлати Миссурӣ дар муқобили ҳамдигар қарор гирифтанд ва беш аз 50 миллион нафар шоҳиди баҳсҳои гарму доғи онҳо шуданд. Дар меҳвари ин музоҳираи муҳими телевизионӣ, тавре таъкид шуд, хонум Сара Пейлин, волии Аляска қаарор дошт, ки то имрӯз, бо вуҷуди бисёр маҳдуд будани мусоҳибаву сӯҳбатҳояш бо расонаҳои хабарӣ, аз худ саводи нокофӣ дар масоили дохиливу байналмилалӣ ба намоиш гузоштааст. Яке аз изҳороти батакрори вай, ки гуфтааст - "Наздик будани Аляска ба Русия ӯро водор кардааст, ки ба масоили сиёсати хориҷӣ таваҷҷӯҳи амиқтар дошта бошад" - мавриди масхараи бисёриҳо шудааст. Дар баробари масоили сиёсӣ, то имрӯз расонаҳо камбуди дониши ӯро дар масоили ҳуқуқии ИМА ҳам таъкид кардаанд. Аммо бо ин вуҷуд, нозирону мунаққидон дар пайи баргузории музоҳираи ахир ҳадди аққал гуфтанд, ки вайро ба ин мулоқот ҷиддан омода карда буданд ва дар ниҳоят вай бо эътимод ба нафс ва намоиши мустақилияти фикрӣ ба марра наздик шуд.

Дар оғоз вай аз вазъи бӯҳронии иқтисод бо лаҳни шадид сӯҳбат кард ва нахуст ҳукумат ва баъдан ба қавли ӯ судхӯрони ғоратгари бозорҳои бурсро дар пеш омадани чунин мушкили сартосарӣ гунаҳгор донист. Вай гуфт, ки таҷрибаи кориаш дар мақоми волии Аляска барояш имкони ислоҳи Вашингтонро дар ин масоил фароҳам хоҳад овард.

Ҷозер Байден, номзади муовини раиси ҷумҳурӣ аз ҳизби демократ низ тамоми гуноҳро бори маъмурияти Буш кард ва гуфт, ки бӯҳрони ахир натиҷаи мустақими сиёсатҳои беинтизоми Кохи Сафед будааст. Дар масоили марбут ба сиёсати хориҷӣ аксарият эҳсос карданд, ки Пейлин талош кард набуди таҷрибаву дониши худро дар ин бахш бо ҳамла ба барномаҳои интихоботии Обама рӯпӯш кунад. Вай гуфт, ки ваъдаҳои Обама барои берун кашидани нирӯҳо аз Ироқ ҳаммаъно бо эътирофи мағлубият хоҳад шуд:

"Мо медонем, ки вақте корҳои мо дар Ироқ ба анҷом мерасад, ҳукумати Ироқ тавони идораи мардумаш ва нирӯҳои амниятии ин кишвар тавони таъмини амнияти онҳоро хоҳанд дошт. Ва фармондеҳони мо дар Ироқ гуфта метавонанд, ки дар кадом фурсат чунин шароит фароҳам хоҳад шуд. Нахуствазир Нурӣ-Ал-Моликӣ ва раиси ҷумҳурӣ Ҷалоли Толибонӣ ҳамчунон дар ҳамкорӣ бо мо ба ин ҳадаф наздик мешаванд ва ғалаба ҳам наздик аст".

Рақиби Пейлин Ҷозеф Байден мавзеъгирии сиёсии номзади президентии ҷумҳурихоҳҳо Ҷон Маккейнро дар масоили Ироқ танқид карда онро иштибоҳӣ номид. Вай гуфт, ки ИМА ҳоло ҳар моҳ 10 миллиард долларро дар Ироқ сарф мекунад, дар ҳоле, ки ҳукумати Ироқ 80 миллиард доллар маблағии зиёдатӣ дорад.

"Барак мегӯяд, ҳоло вақти он расидааст, ки онҳо маблағҳои худро харҷ кунанд. 400 ҳазор низомие, ки мо онҳоро тамрин додаем, бояд тадриҷан масъулияти таъмини амниятро ба дӯш гиранд ва дар 16 моҳи оянда нирӯҳои мо аз кишвар хориҷ шаванд. Тафовути бунёдии миёни мову Ҷон Маккен ин аст, ки мо ҷангро хотима хоҳем дод. Барои Ҷон Маккейн бошад, ҳанӯз охири кор маълум нест".

Дар музоҳираи мазкур инчунин дидгоҳҳои номзадҳо ба масоили Эрон ва ҷоҳталабиҳои ҳастаии ин кишвар, бесуботиҳо дар Покистон ва Афғонистон шунида шуд. Пейлин гуфт, ки бо мавқеи Обама дар бораи пешбурди сиёсати дипломатӣ бо душманони Амрико розӣ нест. Албатта Байден ин иддаои Пейлинро рад карду гуфт, ки Обама тарафдори ин аст, ки қабл аз гуфтугӯ бояд дар баробари душман пешшарте гузошта шавад. Дар масъалаи Эрон Байден гуфт, дар сурати дастёбии ин кишвар ба аслиҳаи ҳастаӣ ин мояи бесуботии хеле ҷиддӣ хоҳад шуд, аммо афзуд, ки ҳанӯз онҳо дорои чунин як аслиҳа нашудаанд, ки аз он кор бурда шавад. Вай дар робита бо Покистон гуфт, ки ба ин кишвари аллакай дорои аслиҳаи ҳастаӣ танҳо аз роҳи демокративу мактабҳо ба дили мардуми оддӣ роҳ ёфтан даркор аст. Байден ҳамчунон илова кард, ки дар сурати мавҷудияти раҳбари Ал-Қоида дар хоки Покистон, онҳо тавассути Афғонистон ба ин манотиқ ворид хоҳанд шуд. Байден Маккейнро барои такрори мавқеи Буш дар масоили Ироқ, Эрон ва Афғонистон танқид кард.

Ҳарчанд мегӯянд, ки таърихан музоҳираҳои номзадҳо ба мақоми муовини раёсатҷумҳурӣ тарзи равиши интихоботро дигар намекунад, аммо дар мулоқоти аввалину охирини Пейлину Байден онҳо имкон пайдо карданд, ки худро бештару наздиктар бо раъйдиҳандагонашон ошно кунанд. То интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико як моҳ мемонад ва феълан натиҷаҳои ҳамапурсиҳо ҳокӣ аз он аст, ки маҳбубияти Обама 7 дар сад бештар назар ба Маккейн будааст.

XS
SM
MD
LG