Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нопадид шудани депутати порлумон


Ҷаласаи порлумони Қирғизистон

Ҷаласаи порлумони Қирғизистон

Ба иттилоъи Бақит Бешимов, раиси ҷиноҳи ҳизби сосиал-демократи Қирғизистон дар порлумони ин кишвар, се шабонарӯз аст, ки ҳамтои вай Руслан Шаботоев нопадид шудааст.

Вай афзуд, ки тибқи тавзеҳи хонуми Шаботоев, шоми 30 сентябр шавҳарашро касе аз манзили онҳо берун даъват кардааст ва баъди 20 дақиқа телефони ҳамроҳии шавҳараш ғайрифаъол гаштааст. Гуфта мешавад, ки тайи ин муддат маълум нест, ки Руслан Шаботоев ба куҷо рафтааст ва нафаре, ки вайро аз манзилаш берун овард, кист.

Раиси ҷиноҳи ҳизби сосиал-демократи Қирғизистон аз раиси порлумон тақозо кард, ки ҷиҳати пайдо кардани депутат Руслан Шаботоев ба аъзои хонаводаи ӯ кумак намояд. Ба гуфтаи Бақит Бешимов, даҳ рӯз пеш писари Ҷусупжон Ҷиянбеков, депутати дигари порлумон аз ҷиноҳи ҳизби онҳо низ бо сабабҳои номаълум нопадид шудааст. Оқои Бешимов гуфт, то ҳол ҷӯстуҷӯи кормандони умури интизомӣ дар мавриди пайдо кардани писари ҳамтои вай ягон натиҷаву самар ба бор наовардааст, ки боиси ташвиш ва нигарониҳо мебошад.

Дар ҳамин ҳол Мурод Суталинов, раиси кумитаи амнияти Қирғизистон, рӯзи ҷумъа дар ҷаласаи порлумон гуфт, кормандони кумитаи амният расман салоҳияти ҷӯстуҷӯ ва пайдо кардани депутати порлумон Руслан Шаботоев ва писари депутат Ҷиянбековро бар дӯш нагирифтаанд. Мавсуф афзуд, ки дар ин маврид вазорати дохила мусъул мебошад.

Мурод Суталинов гуфт, вале агар додситонии кулл аз онҳо тақозо кунад, дар он сурат кормандони кумитаи амният омодаанд, ки дар мавриди пайдо кардани афроди нопадид дасти кумак дароз кунанд.

Собирбек Қурмоналиев, муъовини аввали вазири дохила гуфт, ки дар ҳамин ҳол гурӯҳи вижаи зудамал ва таҳқиқ таъсис ёфтааст, ки аъзои он масъулияти пайдо кардани депутат Руслан Шаботоев ва писари депутат Ҷусуфҷон Ҷиянбековро бар дӯш доранд. Собирбек Қурмоналиев афзуд, дар сурати натиҷаҳои мусбат депутатҳои парлумон ба зудӣ огаҳ карда хоҳанд шуд.

Депутати порлумон Исо Омурқулов аз ҷиноҳи ҳизби сосиал-демократ, ба Додситонии кулли ҷумҳурӣ пешниҳод кард, ки ниҳодҳои қудратии кишварашро дар мавриди пайдо кардани афроди нопадид сафарбар кунад. Вай афзуд, ки дар акси ҳол ягон натиҷаи мусбат ҳосил нахоҳад шуд. Депутат Исо Омурқулов гуфт, ки вуқӯъи чунин ҳодисаҳо аз адами суббот ва тавсеъаи беназмиҳо дар кишвараш шаҳодат хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG