Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлагарони шаҳрванди Тоҷикистон маҳкум шуданд


Додгоҳи Головинскии Маскав се ҷавони русро барои ҳамла ва латукӯби шаҳрвандони Тоҷикистон ва Арманистон аз яку ним то панҷу ним сол равонаи зиндон кард. Хабаргузории Интерфакс аз қавли додситонии Маскав менависад, ки муҷрим Алексей Барсеневи 19-сола панҷу ним соли оянда дар маҳбаси низомаш шадид ба сар хоҳад бурд. Ғайр аз ин, ду сокини ноболиғи Маскав ба мӯҳлати якуним то ду соли зиндон маҳкум шуданд. Тибқи хулосаҳои додгоҳ, ин афрод ба як шаҳрванди Тоҷикистон дар таърихи 30 декабри соли 2007 бо калтакҳои бейсбол ҳамла карда ӯро шадидан лату кӯб карданд. Ва ин гурӯҳ дар ҳамон рӯз ба як шаҳрванди Арманистон ҳам ҳамла кардааст. Додгоҳ онҳоро дар озору азияти ҷисмонии махсуси инсон муҷрим донистааст, ки асосаш адовати нажодӣ гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG