Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангела Меркел дар Санкт-Петербург


Дар нишасти раҳбарони аршади Русияву Олмон дар Санкт-Петербург Ангела Меркел Маскавро ба маҳзи амалкардҳои Русия дар ҷараёни низоъи ду моҳи пеш бо Гурҷистон мазаммат кард. Ангела Меркел вокуниши давлаташ ба амалкардҳои Русия дар Гурҷистонро бо як калима иброз дошта, ин амалкардҳоро “номуносиб” номид.

Дар моҳи август, артиши Русия дар посух ба талоши Гурҷистон, ки мехост бо истифода аз нирӯ вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубиро дубора таҳти назорати худ дароварад, вориди хоки он кишвар шуд ва аз минтақаҳои ҷудоихоҳи Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон хеле фаротар рафта, бахше аз қаламрави Гурҷистон, аз ҷумла бандарҳо ва пойгоҳҳои низомии он кишварро забт кард.

Русия баъдан бошитоб истиқлолияти Абхозистон ва Осетияи ҷанубиро расман эътироф кард ва эълом кард, ки дар ҳудуди он ду минтақа 7600 сарбозашро мустақар мекунад.

Давлати Ангела Меркел талош дорад, равобити хубаш бо Маскавро ҳифз кунад, вале дар пайи музокироташ бо раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев Меркел нишон дод, ки ӯ сароҳатан аз мавзеъи Ғарб, ки мухолифи амалиёти Русия дар Гурҷистон аст, пуштибонӣ мекунад.

Аммо Медведев дар посух ҳамчунон хунсардона ба дурустии посухи Русия дар Гурҷистон исрор варзид ва зимнан дигарбора ба пешниҳоди Русия дар бораи таъсиси низоми муштараки амниятие баргашт, ки бояд Амрикои шимоливу Аврупо ва Русияро фаро бигирад. Тарҳи пешниҳодии Дмитрий Медведев паймони низомии НАТО-ро ҳамчун як ниҳоди қадим ва нокоромад истисно мекунад ва ин дар ҳолест, ки Ғарб ҷиҳати ба ин эътилоф пайвастани кишварҳои шӯравии собиқ: Гурҷистон ва Украина талош меварзад. Русия мухолифи ин талошҳо ва ҳамин тавр мухолифи ба НАТО пайвастани соъир кишварҳои шӯравии пешин аст.

Ба истиснои мавзӯъи Гурҷистон, Ангела Меркел дар Санкт-Петербург дар бораи аҳамияти ҳамкориҳои қавии ду кишвар, ба хусус дар риштаи тиҷорат, сӯҳбат кард.

Меркелро дар ин сафар нафақат вузарои давлаташ, балки раҳбарони ду ширкати бузург – БАСФ ва Сименс, бузургтарин ширкатҳои тавлидкунандаи маҳсулоти кимиёӣ ва фанновариҳои навин низ ҳамроҳӣ мекарданд.

Ҷонибҳо дар ҳамоиши Санкт-Петербург пиромуни тарҳи 10-миллиарддоларии лӯлаи газ аз зери бистари баҳри Балтик низ гуфтугӯ карданд. Ин масир манобеъи гази минтақаи Сибири Русияро мустақиман, бидуни убури кишварҳои транзитие, чун Украина ва Лаҳистон, бо Аврупо мепайвандад. Лаҳистон ва кишварҳои Балтик мегӯянд, тарҳи мазкур муноқиз бо сиёсатҳои ИА дар бораи диверсификатсияи манобеъи энержӣ буда, дар ниҳоят вобастагии Аврупо ба гази Русияро фақат меафзояд.

Масъалаи дигари матруҳа дар нишасти Санкт-Петербург бӯҳроне буд, ки низоми моливу бонкии дунёро ба коми худ фурӯ мекашад. Садри аъзами Олмон аз Конгресси Амрико даъват кард, тарҳи 700-миллиарддолларии раҳоӣ аз бӯҳронро, ки давлати Амрико таҳия кардааст, бидуни таъхир бипазирад. Хонум Меркел изҳори умедворӣ кард, ки ин барномаи наҷоти низоми моливу бонкии Амрико аз густариши боз ҳам бештари бӯҳрон ба қораи Аврупо пешгирӣ хоҳад кард.

Дмитрий Медведев бӯҳрони пешомадаи молиро пайомади эгоизм ё худбинии молӣ номид ва гуфт, расидагӣ ба ин мушкил иттихози қарорҳои муштаракро тақозо мекунад.

XS
SM
MD
LG