Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтори СММ ба кормандонаш дар Покистон


Normal 0

СММ мизони таҳдидҳои амниятӣ дар Покистонро болотар бурда, ба кормандони муассисаҳои худ дар он кишвар дастур додааст, ба далели хатароти афзоянда тифлони худро муваққатан аз он кишвар берун бубаранд.

Тибқи ин дастур, кормандони СММ ҳаққи ҳамроҳ бо кӯдакони худ зиндагӣ кардан дар шаҳрҳои Исломобод, Равилпиндӣ ва ё дар шаҳри Кветта, дар наздикии марз бо Афғонистонро надоранд. Ин иқдом дар пайи афзоиши хушунатҳо дар Покистон, аз ҷумла ҳамлаи интиҳории моҳи гузашта ба меҳмонсарои “Марриот”- Исломобод, ки тақрибан 55 нафар, бо шумули 3 амрикоӣ ва сафири Ҷумҳурии Чехро кушта барҷой гузошт, иттихоз шудааст.


XS
SM
MD
LG