Пайвандҳои дастрасӣ

Путин башиддат аз Украина интиқод кардааст


Normal 0

Сарвазири Русия Владимир Путин дирӯз дар мулоқот бо ҳамтои украиниаш Юлия Тимошенко дар ҳошияи Маскав башиддат аз Киев интиқод кард, ки бино ба гузоришҳо, Гурҷистонро қабл аз низоъи низомии байни Русияву Гурҷистон ва дар ҷараёни он низоъ бо таслиҳот ва нирӯи низомӣ таъмин кардааст. Путин гуфт, агар ин хабарҳо тасдиқ шаванд, чунин таъмини таслиҳот ҳамчун ҷиноят арзёбӣ хоҳад шуд: “Мулоқоти имрӯза дар пасманзари ҳаводиси ахири Қафқоз мегузарад. Мо хеле мутаассифем, ки Украина интиқоли таслиҳот ба минтақаи низоъро мумкин гардонд. Ин як мавриди вижа аст ва дар чунин маворид, давлатҳо, одатан хеле хештандорӣ нишон медиҳанд.”

Юлия Тимошенко гуфт, мутмаин ҳаст, ки ин иттиҳомот тасдиқ нахоҳанд шуд. Тимошенко феълан дар Киев даргири мухолифатҳои шадиде бо раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко аст, ки дар ҷараёни низоъи байни Тифлису Маскав аз Гурҷистон пуштибонӣ мекард.

Дар мулоқоти Путин ва Тимошенко ҳамчунин тааҳҳуд шуда, ки ширкати “Газпром”-и Русия қимати газаш барои Украинаро батадриҷ боло бурда, раванди гузариш ба нархҳои бозори ҷаҳониро дар зарфи се сол такмил хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG