Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони ИА ба манотиқи ҳоил роҳ ёфтаанд


Normal 0

Сухангӯи ҳайъати нозирони ИА дар Гурҷистон гуфт, нозирони аврупоӣ ба назорати минтақаҳои ҳоил, ё худ буферӣ дар атрофи вилоятҳои ҷудоиталаби Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ шурӯъ кардаанд, вале посгоҳҳои Русия дар атрофи ин манотиқ ҳанӯз боқӣ мондаанд. Ӯ афзуд, кадом ҷадвали замоние дар бораи бардошта шудани ин посгоҳҳо баррасӣ нашудааст.

Ҳудуди 200 нозири нахустини ИА рӯзи чоршанбе дар Гурҷистон ба фаъолият оғоз карданд.

Истиқрори ин нозирон бар асоси қарордоди оташбасест, ки дар пайи низоъи низомии моҳи август байни Гурҷистону Русия бо миёнҷигии ИА ҳосил шуд. Тибқи ин қарордод, нирӯҳои Русия бояд то 10 октябр аз хоки Гурҷистон хориҷ шаванд.


XS
SM
MD
LG