Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико хостори интихоботи озод дар Озарбойҷон шуд


Normal 0

Муовини вазири хориҷаи Амрико Ҷон Негропонте, ки аз Боку дидан мекард, гуфт, интихоботи дарпешистодаи раёсатҷумҳурии Озарбойҷон бояд “озод, одилона ва шаффоф” сурат бигирад. Интизори ағлаб ин аст, ки интихоботи рӯзи 15 октябр бо пирӯзии президенти кунунӣ Илҳом Алиев поён хоҳад ёфт. Ташаккулҳои умдаи мухолифин, ки мегӯянд, натоиҷи ин маърака дасткорӣ хоҳад шуд, интихоботро таҳрим кардаанд.

Мунаққидон мақомоти Озарбойҷон, ин кишвари нафтхези Қафқозро дар таъқиби мухолифин, буғӣ кардани озодии матбуот ва тақаллуби натоиҷи интихоботҳои пешин айбдор мекунанд.

Илҳом Алиев 5 сол пеш тавассути як интихоботи ҳамроҳ бо тазоҳуротҳои эътирозиву ба зиндон андохтани садҳо тан аз мухолифин дар симати раёсати ҷумҳурии Озарбойҷон падари маризаш Ҳайдар Алиевро иваз карда буд.


XS
SM
MD
LG