Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи қотилони Политковская ба додгоҳ рафт


Normal 0

Хабаргузориҳои русӣ менависанд, додситонии Русия парвандаи Сергей Ҳоҷиқубодов ва бародарон Ҷабраил ва Иброҳим Маҳмудов - 3 нафари муттаҳам ба қатли хабарнигори маъруф Анна Политковскаяро барои муҳокима ба додгоҳ ирсол кардааст. Додгоҳи ин афрод бояд акнун ба зудӣ шурӯъ шавад, вале бародари севвуми онҳо Рустам Маҳмудов, ки қотили аслии Политковская дониста мешавад, то ҳол боздошт нашуда, мақомот ба ин посухи аслӣ ҳам, ки дар паси ин куштор кӣ меистод, посух надодаанд.

Анна Политковская, мунаққиди сарсахти Кремлин ва ифшогари нақзи ҳуқуқи инсон дар Чеченистон, ду сол пеш дар Маскав кушта шуд.


XS
SM
MD
LG