Пайвандҳои дастрасӣ

Таъйиди қарори манъи фаъолияти Шоҳидони Яҳво


Normal 0

Яке аз додгоҳҳои Душанбе қарори вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар бораи манъи фаъолияти гурӯҳи мазҳабии Шоҳидони Яҳворо таъйид кардааст. Ин созмони масеҳӣ дар нақзи қавонин, аз ҷумла вуруди бидуни иҷозаи 500 000 нусха адабиёти мазҳабӣ ба қаламрави Тоҷикистон муттаҳам мешавад. Фаъолияти ин гурӯҳ моҳи октябри соли 2007 манъ шуд, вале Шоҳидони Яҳво аз ин тасмими вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят бурданд.

Шоҳидони Яҳво, ки аз солҳои 30-юми асри гузашта зуҳур карда, мегӯяд, дар ҷаҳон то 7 миллион пайрав дорад, 14 сол боз дар Тоҷикистон фаъолият мебурд.


XS
SM
MD
LG