Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лошаи ҳавопаймои Фоссет ёфт шуд


Шӯрои миллии амнияти парвозҳои ИМА мегӯяд, ки дар шарқи Калифорния гурӯҳҳои ҷустуҷуӣ лошаи ҳавопаймоеро, пайдо карданд, ки ба ҳавопаймои миллионери моҷароҷӯй Стив Фоссет шабоҳат дорад. Фоссет моҳи сентябри соли 2007-ум ҳамроҳ бо ҳавопаймояш бе ному нишон шуда буд. Кофтукови тӯлонӣ ба натиҷае нарасид ва соли 2008-ум Фоссетро расман мурда эълон карданд. Ҳафтаи равон ҳангоми сайр дар манотиқи кӯҳии аёлати Калифорния як кӯҳнавард ҳуҷҷатҳои Фоссетро пайдо кард. Фоссет муаллифи чандин рекорди ҷаҳонӣ дар маллоҳӣ ва аввалин шахсест, ки дар танҳоӣ савори ҳавопаймо курраи заминро тай намуд.
XS
SM
MD
LG