Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ аз манъи амали Шоҳидони Яҳво дастгирӣ кард


Як мансабдори тоҷик мегӯяд, додгоҳ манъи фаъолияти гурӯҳи мазҳабии Шоҳидони Яҳворо дастгирӣ кард. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ сухангӯи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Нозирҷон Буриев изҳор намуд, ки Шоҳидони Яҳво қонунҳои динии кишварро поймол намудаву бо роҳҳои ғайришаръӣ ба Тоҷикистон китобҳои мазҳабӣ ворид кардаанд. Моҳи июн бо айбномаи нодидагирии қонунҳои ҷумҳурӣ фаъолияти гурӯҳи Шоҳидони Яҳво дар қаламрави Тоҷикистон ба муддати се моҳ мутаваққиф шуда буд.
XS
SM
MD
LG