Пайвандҳои дастрасӣ

Раисҷумҳури Русия Д. Медведев гуфт, ки дигар "аҳди бартарии иқтисодӣ гузашта" ва ҷаҳон ба як низоми нав ва "боадолати молӣ" ниёз дорад.

Медведев ин суханҳоро дар ҳамоиши солонаи иқтисодии Русияву Олмон дар Санкт-Петербург ироа кард, ки бо ширкати садри аъзам Ангела Меркел ҷараён дорад. Ин чаҳорумин мулоқоти Медведев ва Меркел дар соли ҷорӣ мебошад ва ин навбат мавзӯи сӯҳбатҳои онҳо метавонад ба масоили хеле ҳассоси ҳузури нирӯҳои русӣ дар хоки Гурҷистон низ тамаркуз кунад. Ин нишаст як рӯз баъди шурӯи кори ҳайати нозирони Иттиҳодияи Аврупо дар Гурҷистон баргузор мешавад.

Бо ин ки Олмон як муттафиқи анъанавии Маскав дар Аврупои Ғарбӣ арзёбӣ мешавад, баъди шурӯи ҷанг бо Гурҷистон дар хоки Осетияи Ҷанубӣ, Ангела Меркел аз он раҳбарони аврупоӣ буд, ки бо лаҳни шадид тадбирҳои низомии Русияро зери танқид гирифт.

Имсол, дар нишасти Санкт-Петербург Меркел бо ҳайати нисбатан хурди мақомдоронаш омадааст ва ҳамчунон бар ивази ду рӯзи маъмулӣ вай ният дорад дар як рӯз боздиди расмии худро аз Русия анҷом диҳад. Интизор меравад, ки дар ин нишаст роҷеъ ба тааҳҳудоти Маскав барои берун шудани нирӯҳояш аз хоки Гурҷистон дар мӯҳлати даҳ рӯзи оянда сӯҳбат шавад. Аммо баъзе таҳлилгарон тахмин заданд, ки Маскав талош хоҳад кард аз ин мавзӯъҳои асабоникунанда фирор карда бештар ба баррасии масоили барояш пурманфиати иҷтисодиву тиҷоратӣ пардозад.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ мизони содироти моли олмонӣ ба Русия 20 дар сад афзоиш ёфта, 22,3 миллиард долларро ташкил дод. Нишондодҳои содироти молу колои русӣ ба Олмон дар ҳамин муддат ба 23,5 миллиард доллар баробар шуд.

Меркел ба пойтахти дуюми Русия ҳамроҳ бо вазири хориҷаи кишвараш Френк Валтер Штенмайер ва раҳбарони чандин ширкатҳои кимиёию саноатӣ ва энержии Олмон омадааст. Қарор аст, дар ин нишаст инчунин мавзӯи идомаи ҳамкориҳои Берлину Маскав аз болои тарҳи 10-милларддолларии "Норд-Стрим", ки интиқоли мустақими газро аз Сибири Русия ба Аврупо тавассути лӯлаҳои зериобии баҳри Балтик дар назар мегирад, баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG