Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намоиши филми қазоқӣ дар кушоиши ҷашнвораи Осиё


Яке аз машҳуртарин ҷашнвораҳои Осиё бо намоиши филми қазоқӣ ифтитоҳ ёфт. Ҷашнвораи байналмилалии Пусан рӯзи 2-уми октябр бори 13-ум дарҳояшро боз намуд ва дар он филми коргардони қазоқ Рустам Абдрашев бо номи "Ҳадя ба Сталин" намоиш дода шуд, ки саргузашти як ҷавони яҳудии муҳоҷир дар Қазоқистон аст. Соли 1949 дар чорчӯби муҳоҷирати иҷбории ақаллиятҳои қавмӣ ӯро ба Қазоқистон мефиристанд. Дар ҷашнвораи шаҳри Пусани Кореяи Ҷанубӣ 316 филми 60 кишвари олам ба қазоват гузошта мешаванд. Ташкилкунандагони фестивал мегӯянд, ки ҷоизаи беҳтарин коргардони соли равон дар Осиё насиби коргардони дигари қазоқ хонум Гулнора Сарсенова хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG