Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони аврупоӣ дар минтақаҳои ҳоили Гурҷистон


Сухангӯи гурӯҳи нозирони Иттиҳодияи Аврупо дар Гурҷистон мегӯяд, имрӯз нозирон гашт дар минтақаҳои ҳоил ё худ буферии аз тарафи Русия бунёдшударо аз сар гирифтанд. Дар баробари ташкили ин минтақаҳо Русия дар атрофи Осетияи Ҷанубиву Абхозистон посгоҳҳои низомиашро ҳифз намудааст. Тибқи созиш сарбозони Русия бояд аз ин минтақаҳои ҳоил то 10-уми октябр хориҷ шаванд. Рӯзи чоршанбе баъди ду моҳи низоъ миёни Русия ва Гурҷистон рӯи Осетияи Ҷанубӣ нозирони Иттиҳодияи Аврупо муроқибати вазъ дар ин минтақаро шурӯъ намуданд.
XS
SM
MD
LG