Пайвандҳои дастрасӣ

Тимошенко ба Маскав рафт


Нахуствазири Укроин Юлия Тимошенко бо як сафари корӣ вориди Маскав, пойтахти Федеросюни Русия шуд.

Мавзӯъи аслии сӯҳбатҳои вай бо ҳамтои русаш Владимир Путин ва мақомоти дигари ин кишвар баррасии қарордоди нави харидори гази табийӣ аз Русия ва таъйини қимати нав мебошад, ки кайҳост ба як масъалаи дарднок ва гоҳо сиёсии байнулмилалӣ табдил шудааст. Ҳоло аз шаҳри Киев ба сӯҳбат хабарнигори радиои Озодӣ, шореҳи маҷаллаи "Власт денег" Димитро Шурхалоро даъват мекунам ва нахуст аз ӯ мепурсам, ки оё интизориҳо аз ин сафари Тимошенко ба Маскав чист:

"Қабл аз оғози сафараш ба Маскав Тимошенко гуфт, ки ният дорад на танҳо роҷеъ ба газ, балки дар бораи имзои қарордоди нисбатан тӯлонитар, яъне ҳудудан 3-4-солаи фурӯши гази русӣ ба Украина гуфтушунид кунад. Вазифае, ки вай дар баробари худ гузоштааст, ин аст, ки интиқоли газро ба таври мустақим аз "Газпром"-и Русия ба "Нафтогаз"-и Украина, бидуни миёнҷигии "Росукрэнерго" фароҳам оварад. Тимошенко ин ширкатро дар фасодкорӣ муттаҳам мекунад. Аз оғоз бисёр чиз ба он ишора дошт, ки ин музокираҳо соддаву осон нахоҳад гузашт. Ҳарчанд дар гузашта ҳамеша ин музокираҳо басахтӣ пеш рафтааст, маъмулан тирамоҳ шурӯъ шуда моҳи декабр, январ анҷом ёфтааст. Масъалаи дардноки дигар қимати газ аст".

Дар ҷараёни сафари ахири раиси ҷумҳурии Украина Виктор Юшенко ба Маскав сухан дар бораи 400 доллар барои ҳар ҳазор кубометр газ мерафт. Тимошенко пеш аз сафар гуфтааст, ки талош хоҳад кард ҳамкорони русиро водор кунад бо 270-300 доллар нарх розӣ шаванд, ки газро ба Украина фурӯшанд. Феълан нархи гази русӣ ҳудудан 180 долларро ташкил медиҳад.


Сафари Тимошенко ба Маскав дар шароити хеле сангини сиёсии Украина сурат мегирад: дар пайи пошхӯрии эътилофи норанҷии ҳизбҳои раиси ҷумҳурӣ ва нахуствазиру тарафдоронашон дар парлумон ҳамакнун бояд эътилофи нави ҳукуматӣ ташкил шавад ва ё раиси ҷумҳурӣ Юшенко ҳақ дорад, ки таърихи баргузории интихоботи пеш аз вақтро эълон кунад. Аз Димитро Шурхало мепурсам, ки оё боздиди Тимошенко аз Маскав дар ин шароит чӣ маъно дошта метавонад:

"Бо ҳукумати тақсимшуда назар ба ҳукумати якпорча сӯҳбат кардан осонтар аст. Баъзеҳо ҳадс мезананд, ки эҳтимол дорад Маскав Тимошенкоро ба унвони раҳбари эҳтимолии ояндаи Украина баррасӣ дорад ва бо шиддатгирии мухолифатҳои ӯ бо Юшенко аксарият дигар бовар надоранд, ки иттиҳоди дубораи онҳо дарозмуддат ва босубот хоҳад буд. Интихоботи раёсатҷумҳурии Украина тобистони соли оянда дар назар аст ва мухолифатҳо ҳам дар пеш аст. Аммо иттиҳомоти баъзеҳо, аз ҷумла котиботи раиси ҷумҳурии Украина, ки Тимошенкоро дар пуштибонии Маскав айбдор кардааст, чандон асоси воқеӣ надорад. Вай ягон кори ғайри қобили пешбинӣ накардааст. Ба ҳар ҳол, Тимошенко талош дорад, ки дар миёни Ғарбу Шарқ, яъне Амрикову Аврупо ва Русия тавозуне эҷод карда якҷониба пеш наравад".

Аз Шурхало мепурсам, ки оё таҳаввулоти ахир дар атрофи бӯҳрони ҳукумат дар Украина то куҷо расид ва бо наздик шудани ҳама мӯҳлатҳо барои пароканда шудани парлумон ва ё таъсиси эътилофи нав, дар саҳнаи дохилии сиёсӣ чӣ мегузарад. Вай гуфт:

"Президент метавонад парлумонро пароканда кунад, аммо вай вазифадор нест, ки ин корро кунад. Ин ҳақи вай аст. Аммо чунин ба назар мерасад, ки вай ба хотири даъвати интихоботи нав парлумонро пароканда хоҳад кард. Ҳадафи вай ин аст, ки нагузорад Юлия Тимошенко дубора нахуствазир шавад ва айнан бо ҳамин сабаб ҳам Тимошенко бо тамоми нирӯяш талош дорад, ки аз интихоботи такрорӣ ҷилавгирӣ кунад, то ки аз шонси ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ маҳрум нашавад. Амалан нигоҳ кунем, имрӯз рӯзи охирини парлумон аст, то ки дар бораи таъсиси эътилони нав эълон кунад ва ё фардо Юшенко метавонад Радаро пароканда кунад. То ҳол мешавад гуфт, ки ишораҳое дар бораи эҳтимоли ба ҳам омадани ҷабҳаи рӯ ба президенти "Украинаи мо" бо ҳизби Юлия Тимошенко бар сари чанд тарҳи қонуни барои раиси ҷумҳурӣ муҳим ба гӯш мерасад. Аммо феълан гуфтан сахт аст, ки оё дар ниҳояти амр як эътилоф таъсис хоҳад шуд ё на".

Дар натиҷаи бебандубориҳои вазъи сиёсии Украина, дар вақтҳои охир рейтинги раҳбарони сиёсии кишвар поин омада, ҳамакнун нишондодҳои аксар пурсишҳои афкори умум ҳокӣ аз он аст, ки аз Юшенко камтар за 10 дар сад ва аз Тимошенко каме бештар аз 20 дар сади ҷомеаи Украина пуштибонӣ мекунанд. Аммо бо зикри ин матлаб Димитро Шурхало, хабарнигори радиои Озодӣ дар Киев афзуд, ки ҷомеаи Украина аз ин ҳама бесуботиҳои сиёсӣ хаста шудааст ва дар ҷараёни ҳамапурсиҳо ҳам ба ҳамин чиз таъкид мешавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG