Пайвандҳои дастрасӣ

Аз 3-юм то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор мешавад.

Наргис Набиева, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа, ки барои чаҳорумин бор доир хоҳад шуд, ширкати теннисбозони синнашон то 14-сола аз Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Эрон дар назар аст.

Шарафи варзиши Тоҷикистонро 8 нафар теннисбозони наврас ҳимоя мекунанд, ки яке аз онҳо ғолиби мусобиқаи соли гузашта Аҳмадҷони Муҳаммад мебошад.

Ғолибони мусобиқа бо Ҷоми раисҷумҳури Тоҷикистон ва мукофоти пулӣ сарфароз хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG