Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анҷоми Дави умумиҷаҳонии дӯстӣ дар Душанбе


Дави дӯстӣ бо ширкати намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 4-уми сентябри соли равон дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона – оғоз ёфта буд, 2-юми октябр дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Ба ин муносибат бегоҳи панҷшанбе дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахти Тоҷикистон маросими ботантана баргузор гардид. Ширкаткунандагони Дави дӯстиро намояндагони ҳукумати шаҳри Душанбе ва ташкилотҳои варзишии кишвар бо анҷоми муваффақонаи ин чорабинии оммавии варзишӣ табрик карданд.

Наргис Набиева, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, Дави умумиҷаҳонии дӯстӣ-2008, ки 10-уми апрел дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз назди бинои Созмони Милали Муттаҳид оғоз шуда буд, бо ширкати намояндагони беш аз 70 кишвари ҷаҳон бо мақсади таҳкими дӯстӣ байни халқҳои кишварҳои ҷаҳон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим доир гардид.

XS
SM
MD
LG