Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Табибе, ки мояи фахри тоҷикони Қирғизистон аст


Дар ин қисмати силсилагузоришҳо аз ҳаёти тоҷикони бумии Қирғизистон баъзе саҳифаҳои ҳаёти профессор Тулқин Муродалиевро варақ хоҳем зад, ки аз зумраи пизишкони варзидаи ин кишвар муаррифӣ шудааст.

Дар ҳолномаи Тулқин Муродалиев омадааст, ки вай соли 1944 дар деҳаи Учқурғони вилояти Ботканд ба дунё омадааст. Соли 1961 мактаби миёнаи ба номи Пушкини деҳаро бо шаҳодатномаи аъло хатм карда, баъд соли 1964 ба Бишкек барои идомаи таҳсил омадааст, ки он вақт ба номи Фрунзе ёд мешуд.

Оқои Муродалиев зимни сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамон сол ба донишгоҳи тибб дохил шуд ва онро бомуваффақият ба итмом расонид. Ба гуфтаи Тулқин Муродалиев, дар ҳамин ҳол теъдоди пизишконе, ки бемориҳои дилро табобат кунанд, дар Қирғизистон чандон зиёд нестанд. Вай мегӯяд, ки дилро таботаб мекунад, аз ин лиҳоз чунин мешуморад, ки масъулияти кардиологҳо нисбат ба пизишкони дигар бидуни иштибоҳ бештар хоҳад буд.

Профессор Муродалиев тазаккур дод, ки баъди хатми донишгоҳи тиббии Бишкек, ки дар ҳамин ҳол Академияи тиббии ба номи Исо Ахунбоев ном бурда мешавад, дар кафедраи академик Мирсаид Мирраҳимов ба кор тайин шуд. Маҳз бо кӯмак ва дастгирии устоди худ Мирраҳимов рисолаҳои номзадӣ ва докториро ҳимоя кард.

«Мавзӯъи рисолаи номзадиам «Афзалиятҳои табобати бемории диққи нафас дар шароити кӯҳистон» унвон гирифта буд, ки онро соли 1979 ҳимоя кардам. Баъд дар мавзӯъи «Барқарор кардани саломатии беморони сактаи дил дар шароити кӯҳистон» рисолаи докторӣ навиштам ва онро соли 1991 дифоъ кардам. Бо маърӯзаҳо дар анҷуманҳои зиёди байнулмилалӣ иштирок кардам, ки ин анҷуманҳо дар мамолики мухталифи дунё баргузор шудаанд».

Тулқин Муродалиев раиси Маркази илмиву омӯзишии бемориҳои қалби вазорати сиҳати омма ва мудири шуъбаи Маркази кардиологияи ҷумҳурии Қирғизистон аст. Гуфта мешавад, ки вай унвонҳои Табиби шоистаи ҷумҳурии Қирғизистон ва Аълочии маорифи кишварашро ба даст овардааст. Соҳиби нишонҳо ва ифтихорномаҳои зиёди давлатӣ гаштааст. Профессор Тулқин Муродалиев ҳамчунин масъулияти дабири Иттиҳодияи кардиологҳои Осиёи Марказиро низ бар дӯш дорад.

Равшанбек Собиров, раиси созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, мегӯяд, ки профессор Муродалиев фахри тоҷикони кишвараш аст. Ба гуфтаи оқои Собиров, ин пизишки шинохта дар чорабиниҳои фарҳангии созмони тоҷикон ҳамеша саҳмгузор мебошад.

Дар ҳамин ҳол профессор Муродалиев дар Донишгоҳи славянии Қирғизистон ва Академияи тиббии кишвараш оид ба табобати бемориҳои дил ба шогирдон сабақ медиҳад. Дар тӯли фаъолияташ се шогирдро низ тарбия намудааст, ки перомуни табобати бемориҳои сактаи дил пажуҳишҳои илмӣ кардаанд ва ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ муваффақ шудаанд.

Тулқин Муродалиев гуфт, ки соҳиби се фарзанд ва ду набера мебошад. Ду духтараш аз пайи худи вай рафтаанд ва пизишкони бемориҳои дил шуданд, ки вай бо ин фарзандонаш ифтихор хоҳад кард.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатам, вай ҳар сол давраи рухсатиашро дар зодгоҳаш Учқурғон мегузаронад, ба лаби рӯди Исфайрам меравад ва хотироти кӯдакиву наврасиашро ба ёд меорад. Дилаш аз ёди он солҳо баъзан ба шавқ меояд ва баъзан зиндагии сангинро лаънат мехонад, ки ба давраи баъди ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ва эҳёи хисороти он рост меояд.

Профессор Тулқин Муродалиев мегӯяд, зиндагӣ бо ҳама буду нобудаш гуворост, вале такрори он рӯзҳои сангин ҳаргиз мабод, то ки мардуми олам, аъзои хонаводааш, пайвандону дӯстони ӯ дар фазои амну суббот ба сар баранд. Оқои Муродалиев сӯҳбати моро ба чунин оруву омоли пизишкона ҳусни хотима бахшид: «Илоҳо, ҳаргиз касе бемор нашавад!»

XS
SM
MD
LG