Пайвандҳои дастрасӣ

Манъи сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятии Ҳиндустон


Сар аз имрӯз сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятии Ҳиндустон манъ шудааст. Тибқи як пажӯҳиш феълан дар Ҳиндустон 120 миллион нафар сигор мекашанду ҳар сол аз бемориҳои марбут бо сигоркашӣ тахминан 900 ҳазор нафар ба ҳалокат мерасанд. Соли 2003-ум дар Ҳиндустон сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ шуда буд, вале кӯшишҳои қабули қонуни назорати иҷрои он муваффақ набуданд. Акнун сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ муодили 4,5 доллари ИМА муҷозот хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG