Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии дастаи футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон марҳилаи омодагиро ба даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Норак шурӯъ кард.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ҷамъомади таълимию тамринии даста дар Норак то 12 –уми октябр идома хоҳад кард. Марҳилаи дувуми омодагиҳо 13-уми октябр дар Туркия оғоз мешавад. Мо дар он ҷо, инчунин, се бозии санҷишӣ анҷом медиҳем. Сипас аз Туркия ба Арабистони Саъудӣ сафар хоҳем кард».

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки аз 31-уми октябр то 14-уми ноябри соли 2008 дар Арабистони Саъудӣ баргузор мешавад, дар гурӯҳи С 1-уми ноябр бо Чин, 3-вуми ноябр бо Куриёи Шимолӣ ва 5-уми ноябр бо Лубнон бозӣ хоҳад кард.

16 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоӣ ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд. Дар гурӯҳи А Ҷопон, Арабистони Саъудӣ, Эрон ва Яман, дар гурӯҳи В Куриёи Ҷанубӣ, Ироқ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Сурия, дар гурӯҳи D Урдун, Австралия, Тайланд ва Узбакистон рақобат хоҳанд кард.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин дар даври чаҳорякниҳоӣ, ки 8-уми ноябр доир мегардад, ширкат меварзанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 11-уми ноябр ва бозии ниҳоӣ 14-уми ноябр баргузор мешаванд. Чаҳор дастаи ба даври ниманиҳоӣ роҳёфта ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни футболбозони то 20-сола, ки соли 2009 дар Миср доир мегардад, роҳхат мегиранд.

XS
SM
MD
LG