Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Буш аз тасмими Сенат


Normal 0

Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш тасвиби барномаи 700-миллиарддолларии раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ аз сӯи Сенатро билофосила истиқбол карда ва аз Маҷлиси намояндагон даъват кардааст, ки низ чунин иқдом кунад.

Интизор меравад, Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии Конгресси Амрико, рӯзи ҷумъа дубора ба раъйгирии тарҳи раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ бипардозад.

Ин маҷлис рӯзи душанбе дар раъйгирии аввал тарҳи пешниҳодкардаи Кохи Сафедро радд кард.

Сенат, палатаи болоии Конгресс, имрӯз тарҳи аз рӯзи душанбе ба ин сӯ каме таҳрирхӯрдаи барномаи наҷоти низоми молии Амрикоро бо 74 раъйи мувофиқ ва 25 раъйи мухолиф тасвиб кард.
XS
SM
MD
LG