Пайвандҳои дастрасӣ

Сенати Амрико тарҳи аз сӯи Кохи Сафед пешниҳодшудаи раҳоӣ аз бӯҳрони молиро бо 74 раъйи мувофиқ ва 25 раъйи мухолиф тасвиб кард.

Тасвиби ин барнома аз сӯи Сенат имкон медиҳад, ки он барои баррасӣ ва раъйгирии дубора ба Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии Конгресси Амрико, таҳвил шавад. Маҷлиси намояндагони рӯзи душанбе ин тарҳи 700-миллиарддоллариро радд карда буд.

Ин иқдоми Маҷлиси намояндагон дар бозорҳои молии Амрико ва соъири ҷаҳон сардаргумии дар тӯли солҳои мадид бесобиқаеро ба вуҷуд овард.

Тарҳе, ки Сенат тасвиб кард, аз тарҳи раддшуда аз ҷониби Маҷлиси намояндагон каме фарқ мекунад. Пешнависи ахир иттихози 110 миллиард доллар сабукии молиётӣ барои тиҷорат ва синфи миёнаро ва маблағи суратҳисобҳоеро, ки таҳти замонати давлат қарор хоҳанд гирифт, аз 100 000 то ба 250 000 доллар боло мебарад.

Аммо бахши аъзаме аз пешниҳодҳои вазири дороии Амрико Ҳенрӣ Полсон дар ин тарҳ ҳифз шудаанд. Ин тарҳ аз ҷумла аз сӯи давлати Амрико харидорӣ шудани қарзҳои ба истилоҳ “бад”-еро дар назар дорад, ки бонкҳо дар бозори манзил гузоштаанд. Ва ҳадаф аз ин иқдоми давлат дубора барқарор кардани тавоин қарздиҳии бонкуҳову ширкатҳои молӣ ва аз сари онҳо дур кардани сояи расвоии боз ҳам амиқтари молист.

Дар арафаи раъйгирии Сенат тарафдорони тарҳи пешниҳодии раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ, аз ҷумла ҳарду номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико Барак Обама ва Ҷон МакКейн ҳушдор додаанд, ки агар ин барнома тасвиб нашавад, як фалокати иқтисодӣ ба по хоҳад шуд. Раисиҷумҳури кунунии Амрико Ҷорҷ Буш низ гуфт, Сенат бояд тарҳи таҳрирхӯрдаи наҷоти низоми молии Амрикоро “хеле ҷиддӣ” гирифта ва тасвиб кунад. Ӯ афзуд, тасвиби ин барнома ба хотири дубора ба кор даровардани бозори қарзҳои бонкӣ ва ҳифзи фазои иқтисодии Амрико аз бӯҳрон хеле муҳим аст.

Тасвиби ин барнома аз сӯи Сенат табиист, ки фишорҳо болои Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии Конгресс бо талаби баррасии дубора ва тасвиби барномаи наҷоти низоми бонкиро афзоиш хоҳад дод. Ҷорҷ Буш ҳанӯз қабл аз раъйгирии Сенат гуфт, ки Маҷлиси намояндагон алакай рӯзи ҷумъа ба раъйгирии дубораи тарҳи мазкур хоҳад пардохт.

Раҳбари демократҳо дар Маҷлиси намояндагон Стинӣ Ҳойер низ гуфта, ки раъйгирии дубораи барномаи наҷоти низоми бонкӣ дар ин маҷлис рӯзи ҷумъа сурат хоҳад гирифт. Аъзои Маҷлиси намояндагонро лозим аст, барои тасвиби ин тарҳ назар ба райъгирии нокоми рӯзи душанбе ҳадди ақал 12 раъйи бештари мувофиқ ба даст биоваранд.

Бо дарназардошти фишоре, ки Маҷлиси намояндагон баъд аз рӯзи душанбе рӯбарӯ шудааст, ахзи 12 раъйи дигари мувофиқ коре номумкин ба назар наменамояд.

Аммо ин дар ҳолест, ки то рӯзи интихоботи ҳайъати нави ин маҷлис - 4 ноябр – як моҳи дигар боқӣ мондааст. Ва аъзои Маҷлиси намояндагон ба ҳангоми райъ додан ҳамчунон бар ин хоҳанд андешид, ки ин иқдоми онҳо ба зиндагӣ ва муҳимтар аз он, ба рӯҳия ва мавзеъгирии андозсупорандаи оддӣ, ки бахши аъзаме аз интихобкунандагони ононро ташкил медиҳанд, чӣ таъсире хоҳад гузошт?

XS
SM
MD
LG