Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенат тарҳи раҳоӣ аз бӯҳронро тасвиб кард


Normal 0

Имрӯз Сенати Амрико бо 74 раъйи мувофиқ ва 25 раъйи мухолиф барномаи 700-миллиарддолларии раҳоӣ аз бӯҳрони молиро тасвиб кард. Тасвиби ин барнома аз сӯи Сенат дар ҳолест, ки Маҷлиси намояндагони Конгресс рӯзи душанбе ин тарҳро радд карда буд.

Дар арафаи раъйгирии ҳарду номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико Барак Обама ва Ҷон МакКейн ҳушдор додаанд, ки адами тасвиби ин барнома фалокати иқтисодиро дар пай хоҳад дошт. Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш гуфтааст, маҷлиси намояндагон рӯзи ҷумъа дубора ба раъйгирии тарҳи рҳоӣ аз бӯҳрон хоҳад пардохт.


XS
SM
MD
LG