Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқрори нозирони Аврупо дар Гурҷистон


Normal 0 Normal 0

Рӯзи чоршанбе тақрибан 200 нозири ИА ба фаъолияти худ дар Гурҷистон оғоз карданд.

Раҳбари ин ҳайъат Ҳансёрг Ҳабер дирӯз дар Тифлис гуфт: “Аввалин гурӯҳҳои нозирон ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Ин гурӯҳҳо аз ҳамаи 4 дафтари саҳроии ҳайъат дар Потӣ, Зугдидӣ, Горӣ ва Тифлис ба кор оғоз карданд. Имрӯз нозирони ИА назоратро шурӯъ карда, бо ҷонибҳои зидахл – мақомоти гурҷӣ, ситоди низомии Русия ва аҳолии маҳаллӣ - бори аввал дар тамос шуданд.”

Истиқрори ин ҳайъати нозирони ғайримусаллаҳ ҷузъе аз қарордоди оташбасест, ки дар пайи низоъи низомии байни Гурҷистону Русия бо миёнҷигии ИА имзо шуд.

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дирӯз гуфт, Маскав бар тааҳҳуди супурдааш дар бораи замони хуруҷи нирӯҳояш аз хоки Гурҷистон амал хоҳад кард.

Тибқи қарордоди оташбас, нирӯҳои Русия бояд дар зарфи 10 рӯз аз истиқрори нозирони аврупоӣ дар минтақа аз Гурҷистон пурра берун шаванд.


XS
SM
MD
LG