Пайвандҳои дастрасӣ

Сенати Амрико ба раъйгирӣ омодагӣ мегирад


Normal 0

Имрӯз Сенати Амрико барномаи 700-миллиарддолларии раҳоӣ аз бӯҳрони молиро таҳти раъйгирӣ қарор медиҳад.

Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш аз Сенат даъват кард, ин тарҳи таҳрирхӯрдаро “хеле ҷиддӣ” бигиранд ва тасвиб кунанд. Буш ба хабарнигорон гуфт, ӯ мутмаин ҳаст, ки аъзои Сенат ин тарҳи аз сӯи Кохи Сафед ироашударо қабул хоҳанд кард.

Номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико Барак Обама ва Ҷон МакКейн, ки ба хотири ширкат дар раъйгирии тарҳи мазкур ба Вошингтон баргаштаанд, низ ҳушдор додаанд, ки адами тасвиби ин барнома фалокати иқтисодиро дар пай хоҳад дошт. Ҷорҷ Буш гуфт, Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии Конгресс рӯзи ҷумъа тарҳи раҳоӣ аз бӯҳрони молиро мавриди раъйдиҳии дубора қарор хоҳад дод. Маҷлиси намояндагон рӯзи душанбе тарҳи мазкурро радд карда буд.


XS
SM
MD
LG