Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буш хостори пуштибонии Сенат шудааст


Normal 0 Normal 0

Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш аз Сенат даъват кард, тарҳи таҳрирхӯрдаи раҳоӣ аз бӯҳрони молиро “хеле ҷиддӣ бигиранд ва тасвиб кунанд. Буш ба хабарнигорон гуфт, ӯ мутмаин ҳаст, ки аъзои Сена, ки қарор аст, дар ин соатҳо ба раъйгирӣ бипардозанд, ин барномаи 700-миллиарддолларии аз сӯи Кохи Сафед ироашударо қабул хоҳанд кард.

Номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико Барак Обама ва Ҷон МакКейн ба хотири ширкат дар раъйгирии тарҳи мазкур ба Вошингтон баргаштаанд.

Ҷорҷ Буш гуфт, Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии Конгресс рӯзи ҷумъа тарҳи раҳоӣ аз бӯҳрони молиро мавриди раъйдиҳии дубора қарор хоҳад дод. Маҷлиси намояндагон рӯзи душанбе тарҳи мазкурро радд карда буд.


XS
SM
MD
LG