Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи мурофиаи скинҳедҳои қотил дар Маскав


Normal 0

Додгоҳи шаҳри Маскав муҳокимаи парвандаи як гурӯҳи скинҳедҳоро, ки дар 20 куштор ва даҳҳо қасди куштори афроди ғайрирус, аз ҷумла шаҳрванди 26-солаи тоҷик Хайруллоҳ Содиқов, муттаҳам мешаванд, пушти дарҳои баста идома медиҳад. Бино ба хабарҳо, раҳбарони ин гурӯҳ Артур Рино ва Павел Скачевский даст доштани худ дар 30 мавриди ҳамларо эътироф кардаанд. Се узви дигари гурӯҳ ба гуноҳи худ қиссман иқрор карда, ду муттаҳами боқимонда ҳамчунон ба бегуноҳии худ исрор варзидаанд.

Тафтишот мегӯяд, ин гурӯҳи скинҳедҳо аз моҳи августи соли 2006 то ноябри 2007 дар заминаи адовати қавмӣ 20 нафарро кушта, 12 тани дигарро сахт латукӯб кардаанд.


XS
SM
MD
LG