Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати шаш тан дар ҳамлаи мушакӣ дар Покистон


Normal 0

Мақомоти Покистон бидуни бурдани ном гуфтаанд, ки дар асари ҳамлаи мушакии Амрико алайҳи манзили як фармондеҳи Толибон дар Покистон 6 нафар кушта шудаанд. Ин ҳамла нахустин ҳамла ба қаламрави Покистон дар пайи ҳушдори раиси он ҷумҳурӣ Осаф Алӣ Зардорӣ аст, ки гуфта буд, “қаламрави Покистон набояд аз сӯи дӯстонаш нақз шавад.”

Нирӯҳои Амрико дар ин авохир як силсила амалиёти фаромарзӣ алайҳи ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоидаро ба роҳ андохтаанд. Манотиқи бо Афғонистон ҳаммарзи Покистон паноҳгоҳи эҳтимолии раҳбари шабакаи Ал-Қоида Усома бин Лоден тахмин зада мешавад.

Мақомоти Амрико дар Афғонистон ё дар Вошингтон то кунун хабари ҳамлаи мушакӣ ба хоки Покистонро таъйид накардаанд.


XS
SM
MD
LG