Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко имрӯз роҳии Маскав мешавад


Normal 0

Сарвазири Украина Юлия Тимошенко имрӯз ба хотири баҳси масоили энержӣ бо ҳамтои русаш Владимир Путин ба Маскав меравад. Украина мехоҳад қарордоди харидуфурӯши газ бо ширкати “Газпром”-ро ҳифз кунад.

Киев феълан барои 1000 метри мукааби газ ба Маскав 180 доллар пардохт мекунад, вале “Газпром” гуфтааст, кишварҳои тавлидкунандаи газ дар Осиёи Марказӣ хостори бо нархҳои ҷаҳонӣ фурӯхтани гази худ шудаанд. “Газпром” гуфтааст, арзиши 1000 метри мукааби газ барои Аврупо аз ин ба баъд чизе дар ҳудуди 500 долларро ташкил хоҳад дод.

Юлия Тимошенко дар Украина ба он муттаҳам мешавад, ки ба хотири дарёфти пуштибонии сиёсии Маскав худро ба канори Кремлин андохтааст.
XS
SM
MD
LG