Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ подшоҳи пешини Русияро сафед кард


Normal 0

Раёсати додгоҳи Олии Русия рӯзи чоршанбе куштори подшоҳи собиқи ин кишвар Николайи 2 ва аҳли хонаводаи ӯ дар соли 1918-ро ғайриқонунӣ ҳукм кард. Ин ҳукми рамзии додгоҳ аҳли хонаводаи подшоҳи собиқро аз нигоҳи қонун ҳамчун қурбонӣ эътироф карда, роҳро барои сафед кардани онҳо боз мекунад. Сухангӯи додгоҳ Павел Одинтсов гуфт:

“Раёсати Додгоҳи Олӣ, баландтарин мақоми додгоҳии Русия, қарор кард, ки императори собиқи Русия Николай Александрович Романов ва аъзои хонаводаи ӯ репрессия шудаанд ва ҳаққи сафед шудан доранд. Аз он замон қариб 100 сол гузаштааст ва касе тавони баҳои таърихӣ ё ҳуқуқӣ додан ба он ҳодисаро надорад. Ва Додгоҳи олӣ имрӯз бо судури ин ҳукми ҷасурона чунин баҳогузориро кард.”

Николайи 2 ҳамроҳ бо зан ва 4 фарзандаш соли 1918 бидуни кадом муҳокима дар шаҳри Екатеринбург аз сӯи маъмурони амниятии давлати коммунистии Русия эъдом шуданд.

Додгоҳи Олии Русия соле пеш ҳукм карда буд, ки Николайи 2 ва аҳли хонаводааш аз нигоҳи қонун ҳаққи сафед шудан надоранд, чунки расман ба ягон ҷиноят муттаҳам нашудаанд.


XS
SM
MD
LG