Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шибҳанизомиёни суннӣ зери итоати Бағдод омаданд


Normal 0

Нирӯҳои Амрико масъулияти фармондеҳии шибҳанизомиёни сунниро ба давлати Ироқ вогузор кардаанд.

Ин нирӯҳои 100 000-нафарӣ, ки 54 000 нафараш дар вилояти Бағдод мустақаранд, аз ҳисоби ҷангиёне созмон ёфтааст, ки дар пайи суқути давлати Саддом Ҳусайн ибтидо бар зидди нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико меҷангиданд, вале баъдан тағйири сангар карданд.

Давлати сарвазир Нурӣ Моликӣ, ки аксаран аз намояндагони шиъаҳои ироқӣ иборат аст, кайҳост, ки талаби фармондеҳии ин нирӯҳоро мекард. Тавофуқ дар бораи таҳвили фармондеҳӣ ба шибҳанизомиёни суннӣ дар моҳи августи соли ҷорӣ ҳосил шуд.
XS
SM
MD
LG