Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсифи Солана аз наҳваи истиқрори нозирон


Normal 0

Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Хавйер Солана гуфт, ҳайъати нозирони ин созмон дар Гурҷистон устуворона мустақар шуда, аз ҷониби Русия низ ҳаққи вуруд ва назорат бар минтақаҳои ҳоил, ё худ буферии атрофи минтақаҳои ҷудоиталаби Абхозистон ва Осетияи ҷанубиро ба даст овардааст. Қаблан гуфта мешуд, ки барои дарёфти ҳаққи вуруд ба минтақаҳои ҳоил музокироти иловагӣ лозиманд, вале сухангӯи Хавйер Солана ин хабарҳоро радд кард.

Рӯзи чоршанбе тақрибан 200 нозири ИА ба фаъолияти худ дар Гурҷистон оғоз карданд.

Истиқрори ин ҳайъати нозирони ғайримусаллаҳ ҷузъе аз қарордоди оташбасест, ки дар пайи низоъи низомии байни Гурҷистону Русия бо миёнҷигии ИА имзо шуд.

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дирӯз гуфт, Маскав бар тааҳҳуди супурдааш дар бораи замони хуруҷи нирӯҳояш аз хоки Гурҷистон амал хоҳад кард.

Тибқи қарордоди оташбас, нирӯҳои Русия бояд дар зарфи 10 рӯз аз истиқрори нозирони аврупоӣ дар минтақа аз Гурҷистон пурра берун шаванд.
XS
SM
MD
LG