Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти карикатуристи маъруф Борис Ефимов


Дар Маскав дар синни 108-солагӣ карикатуристи маъруфи шӯравӣ Борис Ефимов даргузашт. Тӯли солҳои зиёд Ефимов мавзӯъҳои сиёсии зиёд, аз ҷумла раҳбари Олмони нозӣ Адолф Ҳитлер, ИМА ва арзишҳои онро дар нашрияву маҷаллаҳои шӯравӣ зери танқид гирифтааст. Дар яке аз мусоҳибаҳояш вай гуфтааст, ки шунидааст Ҳитлер ӯро ба феҳрасти он шаҳрвандони шӯравӣ ворид кардааст, ки ба қавли вай баъди тасарруфи Маскав бояд кушта шаванд. Дар солҳои ҷанги "сард" вай ИМА-ро дар шакли марди ҳақире маъруф ба "Сем" тасвир кардааст, ки ба ҷои риш мушак дораду долларро ба ҳаво мепартояд. Вай беш аз 80 соли охир бо нашрияи "Известия" ҳамкорӣ карда дар зодрӯзи порсолааш вазифаи ифтихории саррассоми нашрияро соҳиб шудааст.

XS
SM
MD
LG