Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷамъияти Табошар аз камбуди об азият мекашад


Хабаргузории IRIN-и вобаста ба СММ мегӯяд, сокинони шаҳркаи Табошари вилояти Суғди Тоҷикистон бино ба камбуди оби ошомиданӣ ба тарки маҳалҳои зисти худ шурӯъ кардаанд. Сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, ки дастрасӣ ба об танҳо тавассути чанд лӯлаи обгузар дар тамоми шаҳр имконпазир аст, ки хеле нокофӣ мебошад. Як созмони ҷамъиятии муҳитзистии маҳаллӣ гуфтааст, ки ҳудудан 20 дар сади аҳолии Табошар ба таври доимӣ аз камбуди об азият мекашанд. Як сабаби ҷиддии камбуди об хушксолиҳои пайдарҳами ду соли охир гуфта мешавад. IRIN менависад, ки нисфи ҷамъияти 11-ҳазорнафараи Табошар аслан бидуни об зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG