Пайвандҳои дастрасӣ

Вокунишҳо дар Қирғизистон ба тасмими САД


Тасмими Созмони амнияти дастаҷамъӣ перомуни таъсиси лашкари муштарак дар қаламрави Осиёи Марказӣ вокунишҳои зидду нақизро дар миёни коршиносони масоили сиёсии Қирғизистон ба бор овардааст.

Коршиноси масоъили сиёсӣ Тохтагул Какчикеев бар ин назар аст, ки чунин тасмими Созмони амнияти дастаҷамъӣ бесабаб нахоҳад буд. Ба гуфтаи оқои Какчикеев, вай мутмаъин аст, ки низоъ ва даргириҳои ахир дар Абхазия ва Осетияи ҷанубӣ ғояи таъсиси лашкари муштараки Созмони амнияти дастаҷамъӣ дар Осиёи Марказиро ба вуҷуд овардааст. Вай афзуд, гузашта аз ин ИМ нерӯҳои зиддиҳавоии худро дар Чехия ва Полъша мустақар карданист.

Ба таъкиди Тохтагул Какчикеев, вале суоле ба миён омад, ки СНГ, яъне иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд, ки ҳамчун иттиҳоди ғайринизомӣ арзи вуҷуд карда буд, кадом мақомро ба худ хоҳад гирифт. Ин коршиноси қирғиз мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки баъди низоъҳо дар Қафқоз СНГ чун Иттиҳоди Аврупо табдили мақом кунад ва дар фазои он лашкари муштарак таъсис ёбад, ки мантиқан иқдоми дуруст аст.

Аммо Орозбек Молдолиев, коршиноси дигари қирғиз, мегӯяд, ки мустақар кардани нерӯҳои низомии кишварҳои узви САД дар Осиёи Марказӣ бояд дар қадами аввал дар нишасти сарони кишварҳои узви СНГ мавриди баррасӣ қарор гирад ва дар ин маврид санаде ба имзо расад. Ба гуфтаи оқои Молдолиев, пойгоҳи нерӯҳои низомии Русия дар Кант як ҷузъи лашкари муштараки САД шумурда мешавад, ки маҳз манфиатҳои ин созмонро ҳимоят хоҳад кард.

Ин манбаъ гуфт, аз ин лиҳоз вай арзи вуҷуд кардани ғояи таъсиси лашкари муштараки кишварҳои узви САД-ро дар Осиёи Марказӣ иқдоми дуруст намешуморад. Бар асоси суханони Орозбек Молдолиев дар сурати зарурат дастандаркорони САД пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро метавонанд, ба ин созмон марбут хонанд.

Коршиноси қирғиз мегӯяд, ки ҳар як иқдом бояд дар пояи қонунгузориҳо сурат гирад. Ба гуфтаи Орозбек Молдолиев аз ҷумла, истиқрори пойгоҳи нерӯҳи эътилофи зидди террор дар майдони ҳавоии Манас дар доираи қатъномаи СММ сурат гирифтааст. Вай меафзояд, аммо дар ҳамин ҳол Қирғизистон ягон санад ба тасвиб нарасонидааст, ки пойгоҳи низомии ин ё он кишварро дар қаламрави худ ҷой диҳад. Ба гуфтаи ҳамӯҳбати мо, Маскав мехоҳад, ки кишварҳои шуравии собиқ ба вай гӯш диҳанд ва тибқи нишондоди Маскав амал кунанд.

Аммо коршинос Тохтагул Какчикеев аз ин фикри ҳамтои худ тарафдорӣ накард. Ба ақидаи оқои Какчикеев дар ҳамин ҳол аксарияти кишварҳои аврупоӣ аз ИМА вобаста мебошанд. Ба гуфтаи Тохтагул Какчикеев аммо таъсиси лашкари муштарак созмоне хоҳад буд, ки кишварҳои авруосиёро муттаҳид хоҳад кард ва бунёди ин лашкар барои соири кишварҳои берун аз Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд хатаре эҷод нахоҳад кард.

Бояд тазаккур дод, ки Пётр Рябухин, дабири ассамблеяи порлумонии САД дар Арманистон гуфтааст, ки ин созмон дар сурати сар задании низоъҳои байниқавмӣ бояд васоити ахборро зери назорат гирад. Аммо Тохтагул Какчикеев, коршиноси масоъили сиёсӣ, мегӯяд, ки назорати васоити ахбор ҳодисаи ғайриимкон аст.

Вай афзуд, васоити ахбор ба хотири он фаъолият мекунад, ки мардумро ба ҳам оварад, вале баъзе расонаҳои гурӯҳӣ фақат тухми низоъ мекоранд ва мардумро ба ҷангу даргириҳо даъват мекунанд. Ба ақидаи Тохтагул Какчикеев, вай мутмаин аст, ки САД фақат бо дарназардошти тавсеъа наёфтани ҳодисаҳои номатлуб дар миёни ақвоми мухталиф масъалаи назорати васоити ахборро ба миён гузоштааст.

XS
SM
MD
LG