Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳар сол 1-уми октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии Солмандон хотирнишон мешавад.

Моҳи декабри соли 1990 Маҷмаъи кулли СММ бо нашри қатъномае 1-уми октябрро Рӯзи Ҷаҳонии Солмандон эълон кард. Бино ба омори мавҷуда, ҳоло дар ҷаҳон аз ҳар 10 нафар синни як нафар аз 60-сола болост. Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба бовари коршиносон, соли 2050 аз ҳар 5 нафар синни як нафар аз 60-сола боло хоҳад буд.

Дар назар аст, ки соли 2150 аз ҳар 3 нафар синни як нафар аз 60-сола боло шавад. Ин бад-он маъност, ки шумораи аҳолии солманди сайёра сол то сол афзуда, шумораи ҷавонон коҳиш меёбад – ба маънии дигар, аҳволии сайёра ба истилоҳ "пир" мешавад.

Солҳои ахир шумораи одамоне, ки синашон ба 80-солагӣ мерасад, ба суръат афзоиш меёбанд. Бино ба маълумоти СММ, ҳоло афроди солманди сайёра, яъне ононе, ки аз 60 сол бештар аст, 13 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд. Соли 2050 ин рақам 20 дарсадро ташкил хоҳад дод. Шумораи ононе, ки бештар аз 100 сол доранд, соли 2005 ҳудуди 265 000 касро ташкил медод.

Мутолиъоти муқаддамотӣ нишон медиҳад, ки ин рақам то соли 2050 14 маротиба афзоиш хоҳад ёфт ва шумораи афроди дорои беш аз 100 сол дар саросари сайёра ба 3 700 000 хоҳад расид. Дар ҳамин ҳол 55 дарсади солмандонро занон ташкил хоҳанд кард.

Шумораи солмандон дар қисматҳои мухталифи сайёра аз ҳам фарқ дорад. Масалан, дар Аврупо аз ҳар 5 кас синни 1 нафар аз 60-сола болост. Вале дар Африқо – аз ҳар 20 нафар 1 нафар.

Бо назардошти чунин вазъ метавон ба хулосае расид, ки дар кишварҳои аврупоӣ, яъне дар кишварҳое, ки шароити зист беҳтар аст, шумораи солмандон ҳам бештар будааст. Феълан ҳудуди нисфи афроди солманд дар шаҳрҳо ба сар мебаранд. Ин нукта низ ҷолиб аст, ки дар давоми 50 соли ахири қарни 20-ум синни миёнаи аҳолии сайёра 20 сол боло рафтааст ва ҳоло синни миёнаи аҳолии сайёра 66 солро ташкил медиҳад.

Аммо дар кишварҳои гуногун синни миёна аз ҳам фарқ дорад: дар кишварҳои пешрафта синни миёна аз 66-сола боло ва дар кишварҳои ақибмонда аз 66-сола камтар аст. Ҳоло дар саросари сайёра афроди аз 15-сола то 64-соларо афроди мустақил мешуморанд, яъне онҳо метавонанд бо кори худ таъмини рӯзгори худ кунанд.

Аммо вазъ дар Тоҷикистон чи тавр аст? Аҳолии Тоҷикистон як каме бештар аз 7 милюн нафарро ташкил медиҳад ва, бар тибқи маълумоти расмӣ, бештар аз 10 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз синни 60-сола боло мебошанд. Дар ҳамин ҳол, 7 дарсади онҳо, яъне афроди солманди аз 60-сола боло, ба кор машғуланд. Он гуна, ки пешгуӣ шудааст, ин рақам то соли 2050 ба 21 дарсад мерасад.

Ҳамин тавр, метавон интизор буд, ки дурнамои дарозумрӣ дар Тоҷикистон хуб аст ва мумкин аст синни миёнаи аҳолӣ низ то он вақт боло равад.

XS
SM
MD
LG