Пайвандҳои дастрасӣ

Толибони Покистон марги раҳбари худро рад карданд


Расонаҳои покистонӣ мегӯянд, ки раҳбари Толибони Покистон Байтулло Маҳсуд баъди маризии дарозмуддат ҷон додааст, ҳарчанд Толибон ин хабарро рад мекунанду мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, ки Маҳсуд ҷиддан мариз аст ва аммо ҳанӯз дар қайди ҳаёт мебошад. Маҳсуд раҳбари гурӯҳи бо исми "Таҳрики Толибон" дар Покистон аст, ки ҳамчун чатре барои як гурӯҳи мусаллаҳи мустақар дар минтақаи қабиланишини Вазиристон, дар марз бо Афғонистон амал мекунад. Мақомоти Покистон вайро дар ташкили силсилаи таркишҳои маргталабона дар саросари кишвар, аз ҷумла қатли нахуствазири пешини Покистон Беназир Бҳутто айбдор медонанд.
XS
SM
MD
LG