Пайвандҳои дастрасӣ

Намози ид дар қароргоҳи ҲНИТ


Садҳо узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҷонибдорони он намози Иди Фитрро дар қароргоҳи ҳизб адо карданд.

Дар ҳамин ҳол дар як кунҷи намозгоҳ аксҳои тифлону модарони азиятдидаи фаластинӣ гузошта шуда буд.

Сайидиброҳими Назар, як масъули ҲНИТ, изҳор намуд, ки онҳо ба нийяти барқарории сулҳу оромиш дар Ховари Миёна низ даст ба дуъо бардоштанд ва аз Худованди муттаъол таманнои онро карданд, ки мардуми мусалмони Фаластину Ироқ ва Афғонистон аз ҷанг раҳо ёбанд ва ба рӯзҳои хуш расанд. Ӯ бо ишора ба вазъи мусалмонон дар Тоҷикистон гуфт, ки назар ба як соли пеш эҳтироми мақомот ба арзишҳои исломӣ дар кишвар беҳбуд ёфтааст: “Аз Иди Фитри соли гузашта то имсол дар ҷомеъаи мо тағйироти ҷиддие ба чашм мерасад. Бархе аз афрод ҳанӯз ҳам мехоҳанд, ки ангезаи зиддисломиро ба ҳар баҳона истифода намоянд, вале дар умум ҷомиъа нисбат ба дини Ислом ва нисбат ба арзишҳои исломӣ эҳтироми зиёдеро қоил шудааст”.

Оқои Назар аз сӯи раисҷумҳур эълон шудани соли 2009 ба унвони соли Имоми Аъзам истиқбол карда, гуфт, ба ин васила ҳам мақомот ва ҳам пайравони дини Ислом имкон доранд, то андешаву афкор ва сулуки худро аз ҳама бадиҳо пок кунанд ва барои тақвияти дини Ислом талош варзанд: “Воқиъан, роҳбарони ҳукумат дарк кардаанд, ки ин кишвар ғолибан кишвари мусалмонҳост ва намешавад дар он амалҳои зиддиисломиро анҷом дод”.

Маъмулан дар ҳар ҷашну маросими динӣ, шурӯъ аз соли 1999, яъне аз замони барҳаёт будани Саййид Абдуллоҳи Нурӣ, аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизб дар бошгоҳи марказӣ ҷамъ омада, намоз мегузоранд. Ва дар намози Иди Фитри имсола дар қароргоҳи ин ҳизб ҳатто шоҳиди он будем, ки даҳҳо зани мусалмон бо ҳиҷобу рӯсарӣ намози идро анҷом доданд. Ин гурӯҳи занон муътақиднд, ки хондани намози ид барои онҳо низ ҳатмӣ аст ва ин суннат аз замони паёмабар боқӣ мондааст. Яке аз ин занҳои намозгузор, бидуни ифшои номаш, гуфт: “Паёмбар Муҳаммад (с) гуфтаанд, ки саҳарӣ занҳо баробари мардҳо фарзандони худро бигиранду садақа диҳанд ва намози идро бигузоранд ва ид кунанд. Ин нукта ҳаст ва гузоштани намози ид барои занон ҳатмист”.

Ин ҳама дар ҳолест, ки як сол пеш мақомоти расмӣ намозгузории занон дар рӯзҳои ҷумъа дар масоҷидро мамнӯъ карда буданд. Вале ин зани намозгузор мегӯяд, онҳо фақат як чунин имконро доранд, ки дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломӣ намози идро адо кунанд, вагарна дар ҳеч масҷиде ба онҳо барои адои намози ид роҳи боз нест: “Мо пайрав ва ё аъзои Ҳизби наҳзат нестем, вале вақте ҷиҳати намозгузорӣ барои занҳо дар қароргоҳи ҳизб шароит муҳайё кардаанд, бадеҳист, ки мо меоем. Агар дар масҷидҳои дигар ҳам барои занон як чунин имконро фароҳам мекарданд, хушҳол мешудем”.

Вале ба суъоли он ки чаро наҳзатиён дар як масҷиди алоҳида намоз мегузоранд, бархе аз масъулони ин ҳизб гуфтанд, ки ба иллати онки масҷидҳои бузурги Тоҷикистон куллияи намозгузоронро наметавонанд дар худ ҷой диҳанд, онҳо ночор дар қароргоҳи ҳизб ҷамъ омада, ва ин намозро адо мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир маҷмӯъан ҳудуди 97 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳанд ва рӯзҳои баргузории Иди Фитр ва Иди Қурбон – ду иди умдаи мусалмонон – пас аз истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 рӯзҳои таътил эълом шудааст ва имрӯзро хурду бузург якҷоя ва бо хушиву хурсандӣ пушти сар мекунанд.

XS
SM
MD
LG