Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Танқиди Остона барои нокомиҳо дар бахши ҳуқуқи башар


САҲА мегӯяд, ки нокомии Қазоқистон дар дастёбӣ ба пешрафтҳои демократӣ метавонад обурӯи ин созмони муҳими аврупоии машғули дифоъ аз ҳуқуқи инсонро баъди масъулияти раҳбарии давраии ин созмонро дар соли 2010 ба дӯш гирифтани Остона ба ҳам занад. Дар гузориши созмони байналмилалии Хонаи Озодӣ, ки дирӯз нашр шуд, гуфта мешавад, ки Қазоқистон натавонист ба меъёрҳои демократии САҲА даст ёбад. Феълан ҳеҷ вокунише аз ҷониби мақомоти Қазоқистон ба даст нарасидааст. Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки аз соли 1989 сари қудрат аст, аз ҷониби гурӯҳҳои ҳуқуқи башари ғарбӣ барои адами таҳаммули кори мухолифони сиёсӣ дар кишвараш танқид шудааст.
XS
SM
MD
LG