Пайвандҳои дастрасӣ

Конгресси ИМА ба раъйгирии тарҳи Буш мепардозад


Нишасти Конгресси ИМА

Нишасти Конгресси ИМА

Конгресси ИМА имрӯз тарҳи 700-миллиарддолларии Кохи Сафед барои наҷоти низоми моливу бонкии ин кишварро мавриди раъйдиҳӣ қарор медиҳад.

Баъди рад шудани барномаи 700 миллиардолларӣ дар конгресс дар рӯзи душанбе бозорҳои ҷаҳонӣ ва мақомоти расмӣ вонамуд карданд, ки ба воҳима наафтодаанд. Бӯҳрони авҷгиранда дар бозорҳои молӣ моҳи гузашта суръат гирифт, чун чанде аз муассисаҳои молии азими Амрико муфлис шуда ва ҳамингуна аз паси худ чанде аз бонкҳои азими Аврупоро бурданд, ҳарчанд, ҳукуматҳо ба ёрии ин бонкҳо шитофта онҳоро наҷот доданд.

Бар асоси тарҳи аслии наҷоти молӣ, ҳукумати Амрико мехост, қарзҳои бефоидаи бонкҳо ва муассисаҳои сармоягузорро бо сарфи 700 миллиард дар ихтиёри худ бигирад, то он бонку муассисаҳо қарздиҳӣ ба ҳамдигарро идома дода ва нагузоранд, то сармоягузорони бештаре муфлис шаванд. Аммо вакилони Маҷлиси Намояндагони Амрико, аксаран худи ҷумҳурихоҳон ва баъзе аз демократҳо, ки дар остонаи интихоботи пуршиддате қарор доранд, ба тарҳ мухолифат карданд, зеро ба гуфтаи онҳо барномаи наҷоти молӣ барои худи молиётдиҳандагон, яъне мардуми Амрико бисёр гарон меафтад.

Меъморони тарҳ, ки яке аз онҳо Ҳенрӣ Паулсон вазири хазонадории Амрико аст, барномаро каме ислоҳ кардаанд, то раъйи бештари вакилони ҷумҳурихоҳро ба даст оваранд. Бар асоси барнома, молиёт ва ё андозсупорандагони амрикоӣ, ки ҳоло молиёти камтаре месупоранд, дар оянда низ аз ин имтиёз, ки замонаш ба поён мерасанд, баҳраманд хоҳанд шуд. Ҳамчунин ҳукумат замонат медиҳад, ки амонатҳои бештар аз 100 то 250 ҳазор долларӣ дар бонкҳо изофаи бештаре хоҳанд гирифт.

Номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико Барак Обама ва Ҷон Маккейн, ки аз барномаи наҷоти молӣ тарафдорӣ кардаанд, ба шаҳри Вашингтон шитоб доранд, то дар раъйдиҳӣ ширкат варзанд. Номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, Ҷон Маккейн аз ҳамҳизбонаш хост, то ихтилофоти назарро канор гузоранд ва ба ҷонибдории барнома раъй диҳанд:

«Ман медонам, ки бисёре аз роҳҳиҳалҳои ин мушкил маҳбуб нестанд, аммо паёмадҳои беамалӣ барои амнияти иқтисоди Амрико ва хонаводаҳои амрикоиён бештар тарснок ва ин ба айби мо хоҳад буд. Ман ҳар кореро, ки аз дастам меояд мекунам, то барои пайдо кардани посухи созанда ба мушкилоти пешомада кӯмак намоям».

Рақиби Ҷон Маккейн низ аз вакилон даъват кард, ҳарчӣ зудтар ҳаракат кунанд: «Ҳоло вақти он нест, ки сиёсатмадорон дар ғами интихоботи оянда бошанд. Ҳоло барои ҳамаи мо фурсати он аст, ки ғами ояндаи кишвареро хӯрем, ки дӯсташ медорем. Ҳоло фурсат барои амал аст».

Рӯзи чаҳоршанбе рӯҳияи бозорҳои молӣ, ки умедвори пазируфтани тарҳи наҷоти молӣ буданд, беҳтар шуд ва қиммати саҳҳом дар бозорҳои Аврупо ва Осиё болотар рафт. Аммо дар миёни ин саҳнаҳои сиёсӣ ва фишорҳо барои фавран пайдо кардани роҳи ҳалл баъзе аз иқтисоддонон мегӯянд, ки дигар роҳҳои алтернативӣ ба инобат гирифта нашуданд.

Яке аз ин роҳҳоро вакилони ҳизби ҷумҳурихоҳ пешниҳод карда ва гуфтаанд, ки ба ҷойи ба ихтиёри худ гирифтани қарзҳои бефоидаи муассисаҳои моливу бонкҳои кампул, ҳукумат метавонад барномаи кӯмакиро амалӣ созад, ки ба муассисаҳои хусусии бима такя кунад, ки ин муассисаҳо замонати бозгардонидани қарзҳои бонкҳоро медиҳанд.

Аммо то кунун пешниҳодҳо фақат фарзӣ ҳастанд ва имрӯз палатаи поёнии конгресии Амрико барои қабули тарҳи наҷоти молии пешниҳодӣ раъй хоҳад дод ва охири ҳафта палатаи болоии он.

XS
SM
MD
LG