Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

5 кушта дар Покистон


Дар пайи ҳамла болои манзиле дар минтақаи марзии Покистон бо Афғонистон, ки эҳтимолан аз ҷониби ҳавопаймои амрикоии бидуни халабон идора мешуд, панҷ нафар кушта ва шаш тани дигари захмӣ шуданд. Мақомоти амниятии Покистон гуфтанд, ки шаби сешанбе ҳавопаймои мазкур ду мушакро ба ҷониби хонае воқеъ дар рустои наздики шаҳри Миралии Вазиристони Шимолӣ партоб кард. Вазиристони Шимолиро чун паноҳгоҳи Толибон ва Ал-Қоида мешиностанд. Дар хабари ҷудогонае гуфта мешавад, ки телевизиони урдузабони GEO TV-и Покистон ва шабакаи CNN-и амрикоӣ гузориш доданд, ки раҳбари ҷангиёни Толибони Покистон Байтулло Маҳсуд бар асари маризӣ ҷон додааст.

XS
SM
MD
LG