Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сенати Амрико ба раъйгирии тарҳи наҷот мепардозад


Normal 0

Сенати Конгресси Амрико имрӯз тарҳи 700-миллиарддолларии ба хотири наҷоти низоми моливу бонкии ин кишвар аз сӯи Кохи Сафед таҳияшударо мавриди раъйдиҳӣ қарор медиҳад. Маҷлиси намояндагони Конгресс рӯзи душанбе тарҳи мазкурро радд карда буд.

Ахиран ҳарду номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико -Ҷон МакКейн ва Барак Обама оҷилан ба идомаи баррасии тарҳи раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ даъват кардаанд.

Ин мавзӯъ дар мулоқоти ҳарду номзад бо раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш баҳс шудааст.

Ҷорҷ Буш мукарраран аз аъзои Конгресс даъват кард, аз тарҳи раҳоӣ аз бӯҳрони молиро пуштибонӣ кунанд. Буш аз радд шудани ин барнома аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Конгресс изҳори таассуф кард ва гуфт, ҳар рӯзи таъхир дар амри тасвиби ин барнома авоқиби сахтеро ба дунбол дошта, радд шудани ин барнома амрикоиҳои оддиро дар муқобили як фалокат қарор медиҳад. Аммо бо вуҷуди норӯшание, ки мавзеъгирии Маҷлиси Намояндагони Конгресс эҷод кард, рӯзи сешанбе барои бозорҳои Амрикову Аврупо ором ва ҳатто бо рушди шохисҳои умдаи ин бозорҳо сипарӣ шудааст.


XS
SM
MD
LG