Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Буш бо генерал МакКирнан


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш имрӯз қарор аст бо фармондеҳи нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон генерал Дейвид МакКирнан мулоқот кунад. Нирӯҳои НАТО дар Афғонистон дар ҳоли ҳозир бо авҷи фазояндаи ҳамалоти ҷангиён рӯбарӯ шудаанд ва бар асоси гузориши Франс Пресс, танҳо дар соли ҷорӣ дар он кишвари ҷангзада дасти кам 221 сарбози хориҷӣ, ки аксараш амрикоиҳоянд, кушта шудаанд. Ҷорҷ Буш ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши хушунатҳо ҷиҳати ирсоли 5000 нирӯи иловагӣ ба Афғонистон амр додааст.


XS
SM
MD
LG