Пайвандҳои дастрасӣ

Вол-Март аз пахтаи Узбакистон даст мекашад


Normal 0

Ширкати амрикоии Вол-Март, ки бузургтарин силсилаи фурӯшгоҳҳои дунёро дар ихтиёр дорад, гуфт, аз таъминкунандагонаш хостааст, харидории пахтаи Узбакистонро қатъ кунанд. Ин иқдоми Вол-Март ҷузъе аз талошҳо ба хотири манъи истифодаи нирӯи кӯдак дар маъракаҳои пахтачинӣ дар Узбакистон ном бурда мешавад. Раҷан Камоланатан, ноиби мудири Вол-Март дар масоили ахлоқӣ гуфт, ин ширкат нисбат ба истифодаи ҷабрии нирӯи кӯдак таҳаммалнопазир аст.

Вол-Март мегӯяд, эътилоферо ташкил додааст, ки 90 дарсади тоҷирони пахта ва маҳсулоти пахтагӣ дар Амрикоро муттаҳид мекунад.

Дар авоили моҳи сентябр, Узбакистон барномаеро муаррифӣ кард, ки ба манъи истифодаи нирӯи кӯдак дар мавсими пахтачинӣ равона шудааст.

То кунун чанд ширкати дигари бузурги дунё, аз ҷумла ширкати бритониёии Теско эълон кардаанд, ки аз харидории пахтаи Узбакистон даст мекашанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG