Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз нозирони ИА дар Гурҷистон мустақар мешаванд


Normal 0

Имрӯз ҳудуди 300 нозири ИА дар хоки Гурҷистон мустақар хоҳанд шуд. Истиқрори ин ҳайъати нозирон ҷузъе аз тарҳи оташбасест, ки бо миёнҷигии ИА дар пайи низоъи низомии моҳи август байни Русияву Гурҷистон таҳия шуда буд.

Бар асоси ин тавофуқ, Русия тааҳҳуд супурдааст, ки тамоми нирӯҳояшро аз қаламрави Гурҷистон, ба истиснои минтақаҳои ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон, дар зарфи 10 рӯз аз замони истиқрори нозирони аврупоӣ берун бикашад. Аммо рӯзи сешанбе Русия то кунун ниҳоӣ нашудани созишномаи фаннӣ бо ин ҳайъати нозиронро далел оварда, гуфт, ки ин нозиронро ба минтақаҳои ҳоил дар атрофи Осетияи ҷанубӣ роҳ нахоҳад дод.

Гурҷистон дар посух Русияро айбдор кард, ки мехоҳад замони хуруҷи нирӯҳояш аз ин кишварро ба ақиб андозад.


XS
SM
MD
LG