Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати дигарбораи Буш аз Конгресс


Normal 0

Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш мукарраран аз аъзои Конгресс даъват кард, аз тарҳи 700-миллиарддоларии наҷоти низоми молии Амрико, ки Кохи Сафед пешниҳод кардааст, пуштибонӣ кунанд. Буш аз радд шудани ин барнома аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Конгресс изҳори таассуф кард ва гуфт, аъзои Конгресс баррасии тарҳи мазкурро идома хоҳанд дод.

Президенти Амрико гуфт, ҳар рӯзи таъхир дар амри тасвиби ин барнома авоқиби сахтеро ба дунбол хоҳад дошт.

Ҷорҷ Буш роҳҳои наҷот аз бӯҳрони молиро ҳамчунин бо ҳарду номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ -Ҷон МакКейн ва Барак Обама низ дар миён гузоштааст.


XS
SM
MD
LG