Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имруз як сарбози амрикоӣ дар Ироқ кушта шуд


Низомиёни Амрико дар Ироқ мегуянд, дар як даргирӣ дар шимоли Бағдод-пойтахти ин кишвар як сарбози амрикоӣ кушта шудааст. Дар хабаре омадааст, сарбоз дар ин даргирӣ ҷароҳат бардоштааст ва уро ба бемористон интиқол додаанд, вале вай ҷон ба саломат набурдааст. Бино ба эъломияе, ки пахш шудааст, шумораи низомиёни кушташудаи амрикоӣ дар моҳи сентябр дар Ироқ ба 25 нафар расидааст, дар ҳоле, ки дар моҳи август ин шумора 23 нафарро ташкил дода буд.

XS
SM
MD
LG