Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости мукаррари Ҷорҷ Буш аз Конгресс


Имруз Ҷорҷ -раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки қонунгузорони кишвараш кор бо барномаи иқтисодии наҷоти низоми молии Амрикоро идома медиҳанд. Вай афзуд:


"Ман дарк мекунам, райдиҳӣ барои аъзои Конгресс душвор аст. Бисёре аз онҳо ин воқеъиятро дуст надоранд, ки иқтисоди мо ба ин поя расидааст. Ман инро ҳам мефаҳмам. Вале воқеъият ин аст, ки мо дар ҳолати таъҷилӣ қарор дорем ва натиҷаҳои он метавонад руз то руз бадтар шавад, агар мо тасмим нагирем".

Рузи душанбе Маҷлиси Намоядагони Конгресси Амрико ин барномаро рад кард. Давлати Ҷорҷ Буш ба хотири танзими вазъи молии кишвараш тарҳи барномаи молии 700 милярд доллариро барои тасвиб ба Конгресс пешниҳод кардааст. Баъд аз ноком шудани ин барнома дар Конгрес оқои Буш гуфт, вай аз чунин кор хеле "муттаассиф" аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG